Webбарнома аз рӯи технологияи «нерӯи сабз» «NERUISABZ» 

  • Web- барнома аз рӯи технологияи «нерӯи сабз» «NERUISABZ», дар доираи лоиҳаи БРСММ \ OFID “Рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи дастрасӣ ба энергия” таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа, ин тавсеаи дастрасӣ ба энергия ва таъмини аҳолии деҳоти Тоҷикистон бо маҳсулоти энергетики ва хизматрасониҳои боэътимод, дастрас ва устувор мебошад.
  • Барномаи «NERUISABZ» – веб-агрегатоте мебошад, ки иттилоотро аз таъминкунандагони таҷҳизоти мухталиф ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандӣ намуда, барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли хонаводаҳо ва истеъмолкунандагон мусоидат менамояд.
  • Дар Барнома диққати асосӣ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ дода мешавад: деҳқонон, сокинони деҳот, соҳибхоназанон, тиҷорати хурд ва миёна, аз ҷумла дар соҳаи туризм ва фаъолияти кишоварзӣ.
  • Барнома истеъмолкунандагонро бо таъминкунандагон, истеҳсолкунандагон, ташкилотҳои молиявӣ пайваст мекунад ва барои беҳтар намудани дастрасии истеъмолкунандагон оид ба қувваи барқароршавандаи энергия ва рушди бозори «технологияҳои сабз» ва шаффофияти он хизмат мекунад.

Барнома ба истеъмолкунанда кӯмак мерасонад:               

  • омӯхтани афзалиятҳои истифодаи таҷҳизоти энергияи барқароршаванда;
  • маълумот гирифтан, дар бораи таҷҳизоти дар маъракаҳо мавҷудбуда;
  • омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва намунаҳои истифодаи таҷҳизоти энергияи барқароршаванда дар хонаводаҳо ва корхонаҳои хурд;
  • Гирифтани маълумот дар бораи имкониятҳои маблағгузорӣ.

Барнома фаъолона таъминкунандагон, истеҳсолкунандагон, ташкилотҳои молиявӣ, коршиносонро барои мубодилаи иттилоот ва тарғиби маҳсулот ва хидматрасониҳои арзони энергетикӣ ҷалб мекунад.

Дар оянда, барнома хидматҳои интерактивиро, бештар пешниҳод хоҳад кард. Таъминкунандагон ва ташкилотҳои молиявӣ метавонанд худашон маълумотро дар бораи маҳсулот ва хидматҳои худ интишор кунанд, тафсири муштариёнро гиранд, нархҳоро аз таъминкунандагони гуногун муқоиса кунанд ва рейтинги маҳсулот ва хидматҳоро эҷод кунанд.

Барои ҳамкорӣ ва рушди барнома, лутфан тамос гиред: neruisabztj@gmail.com